Рамазон Раҳимзода: Дар шаш моҳ 274 нафар аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистӣ дастгир шуданд

Дар шаш моҳи соли равон аз тарафи сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 274 нафар аъзои ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ дастгир карда шуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб гардиданд. Ин нуктаро имрӯз Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иброз намуд.

Вазир афзуд, ки аз ин шумора 203 нафар аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии «Бародарони мусулмон», 27 нафар аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии «Давлати исломӣ», 17 нафар узви «Салафия», 8 нафар- ҷамоати «Ансоруллоҳ», 4 нафар- «Гурӯҳи 24», 3 нафар- «Ҳизби наҳзати ислом», 3 нафар- «Ал-қоида», 2 нафар- «Ҳизб-ут-таҳрир», 1 нафар- «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» ва 1 нафар узви «Толибон» буда, дастгир гардиданд.  Ҳамзамон 92 нафар дар натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз хориҷи мамлакат ба Ватан баргардонида шуда, нисбат ба онҳо моддаҳои гуногуни Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда шуданд.

Бояд гуфт, ки ин ташкилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ эълон карда шуда, ҳамроҳ гардидан ба  онҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ дар пай дорад.

Дар нишаст гуфта шуд, ки дар ин давра ду ҳолати суиқасд ба амали террористӣ, ки яке дар ноҳияи Шаҳринав ва дигаре дар  минтақаи Рашт ба нақша гирифта шуда буд, пешгирӣ гардид.

Ба иттилои мавсуф, ин амалҳои террористӣ аз ҷониби аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии «Давлати исломӣ» ба нақша гирифта шуда буданд ва зимни амалишавӣ пешгирӣ гардиданд. «Ҳар дуи ин амалҳо бар зидди кормандони Вазорати корҳои дохилӣ равона шуда буданд»,-иброз намуд Рамазон Раҳимзода.

АМИТ «Ховар»

Tags: