Вазири корҳои хориҷӣ: «Бо ба эътидол омадани вазъи ҳамагирии СOVID-19 286 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан оварда мешаванд»

Имрӯзҳо дар урдугоҳҳои қувваҳои мухолифи Ҳукумати Сурия зиёда аз 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд. Дар ин бора имрӯз дар нишасти мутбуотӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин хабар дод.

Сироҷиддин Муҳриддин таъкид намуд, ки аз ин шумора барои ба Ватан овардани 286 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тавофуқот ба даст омадааст. Онҳо дар сурати ба эътидол омадани вазъи ҳамагирии COVID-19 ва барқарор шудани парвозҳои байналмилалӣ оварда хоҳанд шуд.

«Вазорат дар ин самт Сафири Тоҷикистонро дар Давлати Кувайт, ки ҳамзамон Сафири Тоҷикистон дар Сурия аст, муаззаф намудааст. Инчунин Вазорат корро бо ниҳодҳои байналмилаӣ бо мақсади баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон хуб ба роҳ мондааст», — зикр намуд Сироҷиддин Муҳриддин.

АМИТ «Ховар»

Tags: