22 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ аз намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳия ва истифодаи заминҳои хоҷагии ёрирасони шахсии сокинони деҳаи Фалакон дидан намуданд.
Дар намоиш асал, ғалладонагиҳо, сабзавоту меваҷот ва полезиҳо, аз қабили гандум, нахуд, ду навъи лубиё, ҷуворимакка, шолӣ, ду намуди картошка, помидору бодиринг, карам, себу шафтолу ва ғайра, ки аз заминҳои зархези ноҳияи Рӯдакӣ истеҳсол шудаанд, ба маъраз гузошта шуд.
Ҳаҷми умумии маҳсулоти ба намоиш гузошташуда беш аз 2 тонна ва 40 намудро ташкил медиҳад. Мутобиқи маълумот дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 5 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ фаъолият менамоянд, ки саҳми онҳо дар фаровонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тозаи ватании аз лиҳози экологӣ тоза назаррас аст.
Зимни боздид аз заминҳои хоҷагии иловагии ёрирасони шахсии сокинони деҳаи Фалакон ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки заминҳои президентӣ дар ҳудуди ноҳия 1 ҳазору 650 ва дар хоҷагиҳои ёрирасони ҷамоати мазкур бошад, беш аз 50 гектарро ташкил намуда, дар онҳо навъҳои гуногуни карам, помидор, ҷуворимакка, боимҷон ва дигар зироати кишоварзӣ парвариш карда мешаванд.
Айни замон дар хоҷагиҳои ёрирасон пас аз як маротиба ҷамъоварии ҳосили фаровони маккаи дон, офтобпараст, шалғаму помидор ва ғалла, акнун картошка, боимҷон ва дигар навъи маҳсулоти соҳа кишт шудааст.
Дар ҳама шаклҳои хоҷагидории деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ 704 гектар замини корам мавҷуд аст. Аз ин ҳисоб замини ғалладонагӣ 72, картошка 15, сабзавоту полезӣ 476, зироати хуроки чорво 97, боғу токзор 48, аз ҷумла 39 гектар дарахтони ҳосилдеҳ, қитъаҳои наздиҳавлигӣ 445 гектар буда, хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ 170 ададро дар бар мегиранд.
Ҷиҳати таъмини аҳолии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он бо сабзавоти тару тоза, соли ҷорӣ дар 35 гектар гармхона кишту парвариш ва истеҳсоли сабзавоти тару тозаи табиӣ ба роҳ монда шудааст.
Аз гармхонаҳои ҳудуди ноҳия ба миқдори 397 тонна сабзавот, аз қабили помидор 164, бодиринг 152 ва 81 тонна намуди дигари маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ гардидааст. Тибқи нақша то охири сол масоҳати гармхонаҳо 13 гектари дигар зиёд карда хоҳад шуд.
Бо мақсади амалӣ гардидани «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 — 2020» аз ҳисоби маблағҳои худӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ бунёди 230 гектар боғу токзори нав ба нақша гирифта шудааст ва ин раванд бо маром амалӣ мегардад.
Зимни шиносоӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибони заминҳои президентӣ, ки оқилонаву самаранок истифода шудаанд, изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, баҳри дар оянда парваришу истеҳсоли навъҳои серҳосили маҳсулоти кишоварзӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Аҳли заҳмат иброз доштанд, ки истифодаи самараноки замин ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ аз масъалаи муҳим дар назди кишоварзони ноҳияи Рӯдакӣ мебошад ва ҳамин аст, ки соли ҷорӣ дар ноҳия дар масоҳати 1 ҳазору 170 гектар кишти зироати такрорӣ анҷом дода шудааст, ки ин шумора назар ба соли гузашта 399 гектар зиёд мебошад.
Сокинон иқдом гирифтаанд, ки бо заҳмати аҳлона дар замин ва гирифтани ҳосили фаровони маҳсулоти кишоварзӣ дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми худро гузоранд.
АМИТ «Ховар»