Иззатулло Саидзода: 5 тафсири илмию амалии қонунҳои ҷумҳурӣ, 4 маҷмӯаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва 2 истилоҳоти ҳуқуқӣ таҳия гардид

Дар шаш моҳи авали соли равон аз ҷониби Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 тафсири илмию амалии қонунҳои ҷумҳурӣ, 4 маҷмӯаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва 2 истилоҳоти ҳуқуқӣ таҳия гардиданд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба доираи васеи намояндагони ВАО директори Маркази миллии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Саидзода изҳори назар намуд.

Ба зикри мавсуф, ин тафсирҳо дар шакли китоб буда, аз тафсири қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ», «Дар бораи хусусигардонии фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи баҳои замин», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» иборат буданд. Ҳамзамон Маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи экологӣ, Маҷмӯи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи экологӣ, Маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иттилоот, матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма ва Маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Истилоҳоти соҳаи сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон , Истилоҳоти соҳаи молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки Маркази миллии қонунгузорӣ дар самтҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузорӣ низ фаъолияти самарабахш дошта, пайваста баҳри пешбурди фаъолиятҳои ҳуқуқэҷодкунӣ, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва амсоли он тадбирҳои зарурӣ меандешад.

АМИТ «Ховар»

Tags: