Дар шаҳри Душанбе низоми муосири назорат ва ҳисоби нерўи барқ ҷорӣ мегардад. Ин ва дигар масъалаҳои ба он марбут, аз ҷумла ба низоми замонавии билингӣ гузаштани хизмат, таъмини боэътимоди барқ ба сокинон, таҷдиду барқарорсозии зеристгоҳҳои барқӣ дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, ки 15 июл доир шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар иҷлосияи мазкур Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳори нигаронӣ намуданд, ки қатъ гардидани нерӯи барқ дар баъзе шаҳраку маҳаллаҳои шаҳр сабаби муроҷиати зиёди сокинони пойтахт ба мақомот гардидааст.
Рустами Эмомалӣ изҳор доштанд, ки танҳо дар шаш моҳи соли 2020 198 муроҷиат дар ин хусус ба қисми навбатдории мақомот ворид шудаааст, ки аз бэътиноии масъулини соҳа дарак медиҳад.