Имрӯз, 18 июл, соати 14:00 дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андоз дар шаҳри Душанбе бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футзал баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Барои ба даст овардани ин ҷоиза дастаҳои футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе ва «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд рақобат мекунанд. Бозӣ мазкур бидуни мухлис доир мешавад.
Ёдовар мешавем, ки мавсими нави Лигаи касбии футзали Тоҷикистон 21 июли соли равон оғоз мегардад. Барои ба даст овардани нишонҳо шаш дастаи мамлакат талош меварзанд.
Суперҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футзал:
18 июл (шанбе)
Оғози бозӣ соати 14:00
«Соро компания» (Душанбе) – «Сипар» (Хуҷанд)
Макони бозӣ: маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
АМИТ «Ховар»