Дар Ҳамадонӣ аз хурҷини асп миқдори зиёди ҳашиш дарёфт гардид

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар натиҷаи гузаронидани амалиёт аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 25 кг маводи нашъаовар ҷилавгирӣ намуданд.

Ба иттилои ин ниҳод, кормандони Агентӣ хабари фаврӣ дастрас намуданд, ки сокини 49-солаи ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, ҷамоати деҳоти Панҷрӯд, деҳаи Сафедоб ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар  даст дорад. Дар натиҷаи гузаронидани чорабинии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди деҳаи Чордараи поёни ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ ин мард, ки савораи асп буд, дастгир карда шуд. Дар рафти азназаргузаронии хурҷини асп аз дохили он 2 халта бо 25 баста дарёфт гардид.

«Ташхиси экспертиза нишон дод, ки маводи мусодирагардида навъи ҳашиш буда, вазни умумии он 25 кг 95 граммро ташкил медиҳад»,-илова намуд манбаъ.

АМИТ"ХОВАР"