СOVID-19. Таъсири манфии он дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ эҳсос мешавад – сараудитори Палатаи ҳисоби Тоҷикистон

Пандемияи коронавируси СOVID-19 ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъсири ҷиддӣ расонидааст.  Марказҳои тадбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ маблағҳои пешбинишударо саривақт аз худ карда натавонистанд  ва ин омил  боиси ба таъхир афтодани амалишавии онҳо  гардидааст.

Дар ин бора зимни нишасти хабарии Палатаи ҳисоб сараудитори ин ниҳод Холназар Файзуллозода иттилоъ дод ва илова намуд, ки  бо таваҷҷуҳ ба буҳрони ба миён омада дар нимсолаи аввали соли 2020 маблағҳои грантӣ дар ҳаҷми бештар аз 54, млн. сомонӣ ва маблағҳои қарзӣ дар ҳаҷми бештар аз 309 млн. сомонӣ кам ворид гардид,  ки вобаста ба мушкилоти ба миён омада ба буҷети ҷумҳурӣ низ  тағйиру илова ворид карда шуд.

Масъулон изҳор доштанд, ки бо таваҷҷуҳ ба хуруҷи бемории коронавируси СOVID-19 бисёре аз давлатҳо марзҳояшонро бастанд, назорати транзити байналмилалӣ пурзӯр карда шуд, монеаҳо эҷод  гардиданд, саривақт маҳсулотҳо ворид намешаванд, мутахассисони хориҷӣ низ саривақт  вориди ҷумҳурӣ  шуда натавонистанд, ки ба татбиқи саривақтии лоиҳаҳои сармоягузори таъсири ҷиддӣ расонид. Гузашта аз ин воридоту содироти  асъори хориҷӣ низ  ба мушкил рӯ ба рӯ аст, ки хоси кишвари мо нест.

Ёдовар мешавем, ки вобаста ба ҳолати ба миён омада Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешгирии паҳншавии ин вирус ва коҳиш додани  таъсири манфии он ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар тадбирҳои судманд андешида истодааст. Дар ин самт аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ барои соли 2020 бознигарӣ шуд.

Тибқи он коҳишёбии ҳаҷми номиналии маҷмӯи маҳсулоти дохилии  мамлакат  нисбат ба дурнамои пешбинишуда, ба пастравӣ баҳодиҳӣ  шудааст.  Ҳамзамон тибқи тавсияҳои Хазинаи байналмилалии асъор нақшаи даромади буҷети давлатӣ дар соли 2020 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатӣ” тағйиротҳои дахлдор ворид карда шуд.

Бояд гуфт, ки  таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба иқтисоду иҷтимоиёти давлатҳои ҷаҳон таъсири манфӣ расонид.

Ҳатто давлатҳои абарқудрат аз он истисно набуда, хароҷотҳои худро ба маротиб коҳиш дода, нишондиҳандаҳои рушди иқтисоди худро дар солҳои оянда паст арзёбӣ мекунанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: