Раҷабмо Ҳабибулозода: «Кӯдаконе, ки аз кишварҳои ҷангзада ба Тоҷикистон оварда шуданд, ба ҳаёти имрӯзаи мо мутобиқ гардиданд»

84 нафар кӯдаконе, ки  соли сипаришуда аз кишварҳои ҷангзада, аз ҷумла Ироқ бо ташаббуси  инсондӯстонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон оварда шуданд,  айни замон дар мактаб- интернатҳо ва  Хонаи кӯдакони ҷумҳурӣ  ҷойгир карда шудаанд. Дар ин бора Ваколатдор оид ба ҳуқуқи  кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибулозода имрӯз  зимни нишасти хабарии ин  ниҳод дар ҳузури сершумори хабарнигорон баён дошт.

«Ин кӯдакон, ки  аксарияташон дар  кишварҳои ҷангзада  ба дунё омадаанд, аз ҳарфҳои крилӣ бархӯрдор набуданд.  Ба ин бачаҳо  ҳарфу хати забони модарӣ таълим дода, онҳо ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Ҳамзамон ҳангоми ташриф ба муассисаҳои таълимӣ бараъло мушоҳида мегардад, ки онҳо аллакай ба ҳаёти имрӯзаи мо мутобиқ шуданд. Хешовандону наздикони онҳо омада, пайваста  аз ҳолу аҳволи ин кӯдакон хабар мегиранд. Онҳо  аз ғамхориву дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба таълим фаро гирифтани  ин бачаҳо  ва шароити хуби таълимии онҳо  изҳори минатдории  баён менамоянд»,-  афзуд Раҷабмо Ҳабибулозода.

АМИТ «Ховар

Tags: