Зикр гардид, ки соли гузашта тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят ба мавсими тирамоҳу зимистон пурра омода буданд.
Муовини аввали раиси вилояти Хатлон Абдуалим Исмоилзода иброз намуд, ки мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоӣ барои фаъолияти устувор дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020 — 2021» то имрӯз як зумра корҳо анҷом ёфтаанд.
«Тибқи нақша, бояд муассисоти тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва соҳаҳои дигар бо назардошти паҳншавии коронавирус дар кишвари мо омода карда шаванд», — изҳор намуд ӯ.
Ба гуфтаи Абдуалим Исмоилзод, муассисаҳои тандурустӣ ва маориф бояд сари вақт маблағгузорӣ шаванд, дар мавзеъҳои кӯҳистонии минтақа нуқтаҳои фурӯши ангишт ва ҳезум ташкил ва ҷамъоварии маблағи нерӯи барқи истифодашуда таъмин карда шавад.
Илова бар ин, масъулин муваззаф шуданд, ки шароити нигоҳдории сабзавот ва захираҳои маҳсулоти ниёзи аввалияро то фарорасии сардиҳо фароҳам оваранд.
Муовини аввали раиси вилояти Хатлон зикр кард, ки ба масъалаҳои таъмири роҳҳо бояд таваҷҷуҳи хос дода шавад ва захираи кофии маводи зидди яхбандӣ ва хӯроки чорво ташкил гардад.
АМИТ «Ховар»