Артиши Туркия рӯзи сешанбе ба ҷой кардани мошинҳои зиреҳпӯш ва дигар техникаҳои ҳарбӣ дар деҳаи Силопии музофоти Ширнак дар наздикии марзи Ироқ шурӯъ кард. Дар ин бора Интерфакс бо истинод ба шабакаи телевизионии «CNN Turk» хабар медиҳад. Чанде пеш вазири корҳои хориҷии ин кишвар Мавлуд Човушоғлу эҳтимолияти гузаронидани амалиёти заминиро бар зидди террористон дар шимоли Ироқ, дар сурати сар задани таҳдид ба амнияти Туркия истисно накард.
Муовини сарвазири Туркия Нуъмон Куртулмуш дар навбати худ изҳор дошт, ки Анқара барои пешгирӣ намудани куштори суннимазҳабҳо дар Мосул тадбирҳо меандешад.
Аксарияти сокинони шаҳри Мосули Ироқро, ки аз соли 2014 инҷониб зери назорати ҷангиёни гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» (ДИ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) мебошанд, суннимазҳабҳо ташкил медиҳанд. Моҳи октябр неруҳои ҳукуматии Ироқ бо дастгирии дастаҳои пешмаргаи курдӣ ва эътилофи байналмилалӣ таҳти роҳбарии ИМА ба озод намудани Мосул оғоз карданд.
АМИТ «Ховар»