Прокурори генералӣ: «Зиёда аз 600 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо вобаста ба ҷудо кардани қитъаи замин бекор гардид»

Дар шаш моҳи аввали соли равон 513 парвандаи ҷиноӣ вобаста ба замин ва заминфурушӣ оғоз гардида, нафарони қонуншикан ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Дар ин бора Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон имрӯз дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Дар нишаст ҳамчунин таъкид гардид, ки риояи қонунгузории замин дар маркази диққати мақомоти мазкур  қарор дошта, ҷиҳати бартараф намудани қонуншиканиҳо дар ин самт 2219 санадҳои эътиноии прокурорӣ татбиқ ва 3248 нафар барои қонуншиканӣ ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида шуданд. Инчунин  беш аз 6286 гектар қитъаи замини ғайриқонунӣ ғасбшуда  ба ҳолати аввал баргардонида шудаанд.

«Мо зиёда аз 600 қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳоро вобаста ба ҷудо кардани қитъаи замин дар асоси эътирозҳои прокурорӣ бекор кардаем. Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо низ, ки ба ғайриқонунӣ тақсим кардани замин даст доштанд, ба ҷавобгарии дахлдор кашида шуданд. Зарари расида аз ин ҷиноятҳо 1,6 млн сомониро ташкил медод, ки он барқарор карда шуд», — илова кард Прокурори генералӣ.

АМИТ «Ховар»

Tags: