Зикр шуд, ки рух додани ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот аз масъалаҳои ташвишовари Хадамот ба ҳисоб меравад. Хадамот бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш мунтазам дар миёни кормандон ва корхонаҳои зериназоратӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва профилактикиро доир менамояд.
Дар давраи ҳисоботӣ 170 нафар роҳбарон ва шахсони масъули корхонаҳое, ки дар фаъолияти онҳо риоя нагардидани талаботи қонунгузории амалкунанда ба назар мерасад, ба маблағи умумии 318 ҳазору 255 сомонӣ ҷарима карда шуданд.
ҶДММ «Ширкати кӯҳии саноатии Тоҷикистону Хитой», ҶДММ «Эмомимпортэкспорт», ҶСК «Тоҷикгидромонтаж», ҶДММ «Гидроэнергострой», ҶДММ «Ғайрат-82», ҶДММ «Шералиҷон», ҶДММ «Нерусоз», ҶСП «Зетеэм», ҶСП «Сохтмони асосӣ», ҶДММ «Асри -9» ва ҶДММ «Вахшсохтмон» аз ҷумлаи корхонаҳое мебошанд, ки дар фаъолияти онҳо риоя нагардидани талаботҳои қонунгузорӣ ошкор карда шуданд.
Дар ин давра муоинаи пурраи техникии 193 иншооти борбардор, аз ҷумла кранҳо, лифтҳо, эскалаторҳо дар корхонаву ташкилотҳо, меҳмонхона ва биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ гузаронида шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони Хадамот назорати техникии мақсадноки пешазмавсимӣ оид ба муайян намудани ҳолати техникӣ ва омода шудан ба истифодабарии атраксионҳо дар боғҳои шаҳри Душанбе, аз ҷумда МД Боғи фарҳангу фароғатии «Нур», Боғи ҳайвонот, ҶДММ «Делфин» гузаронида шуд.
Дар фаъолияти аксарияти корхонаҳо риоя нагардидани талаботи қонунгузорӣ, ба монанди надоштани лоиҳаи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, набудани нақша, нарасидани мутахассисони соҳавӣ, риоя накардани талаботи дастурамалҳои соҳавӣ, аз муоинаи техникӣ нагузаронидани иншоот ва бо либосҳои махсуси корӣ таъмин набудани кормандон, инчунин дар феҳристи давлатӣ ба қайд нагирифтани иншоот ошкор карда шуданд.