Дар Вазорати адлия 19 хизматчии давлатии маъмурӣ аз мансаб озод карда шуданд

Дар шаш моҳи соли равон  аз дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои тобеи он 19 хизматчии давлатии маъмурӣ бо фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи моддаи 41 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз мансаб озод карда шуданд.

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири адлия Музаффар Ашӯриён иттилоъ дод.

Музаффар Ашӯриён зикр кард, ки дар пешрафти кор нақши кадрҳои баландихтисос  намоён буда,  вазорат ба ин масъалаи муҳим  таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 4 хизматчии давлатӣ барои баланд бардоштани савия ва малакаи дониш ба курсҳои кўтоҳмудат, аз  ҷумла 3 нафар ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ равон карда шуданд.

Дар нишасти мазкур зикр гардид, ки дар самти баландбардории тайёрии касбии довталабон ва ҷобаҷогузории дурусти мутахассисон дар нимсолаи якуми соли 2020 15 корманд ба мансабҳои хизмати давлатӣ ва ғайри хизмати давлатӣ ба кор қабул гардиданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: