ШАРМ ЗАНОНРО ЗЕВАР АСТ. Ҷавондухтар барои авбошӣ дар ҷои ҷамъиятӣ ҷазо гирифт

Чанд рӯз пеш дар  сомонаҳои иҷтимоӣ навори муноқишаи як гурӯҳ ҷавонзанон паҳн  гардида, дар байни истифодабарандагони саҳифаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои шадидро ба миён оварда буд. Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои дахлдори фаврӣ  роҳандозӣ гардид. Дар натиҷа нафари гумонбар ва сабабу омилҳои сар задани муноқишаи мазкур муайян карда шуд. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Сироҷиддин Шукуров ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар натиҷа маълум гардид, ки шаҳрванд Сайфидинова Ҷонона Аминовнаи 24-сола, зодаи ноҳияи Нуробод, деҳаи Оби Гарм, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри  Душанбе  2 июл дар ҳолати сархушӣ ҳангоми дар кӯчаи С. Шерозӣ, рӯ ба рӯи «Корхонаи нассоҷӣ» қарор доштанаш бо хоҳарон-дугоникҳо шаҳрвандон Фотима ва Зуҳро Балосоваҳо муноқиша намуда, онҳоро мавриди лату кӯб қарор додааст. Номбурда ҳамзамон ба ҷабрдидаҳо  суханони қабеҳ зада, шаъну шарафи онҳоро дар назди дигар шаҳрвандон паст задааст.

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур, нисбат ба  шаҳрванд Сайфиддинова Ҷонона барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ бо моддаи 460 (майдаавбошӣ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбат  ба ӯ бо қарори Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъйин карда шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: