Дар ҳузури Сарвазири мамлакат ҷаласаи Кумитаи тадорукоти таҷлили ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ баргузор гардид

Имрӯз  дар  ҳузури  Сарвазири  мамлакат  Қоҳир Расулзода  ҷаласаи  Кумитаи  тадорукоти  таҷлили ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ баргузор  гардид.

Дар  ҷаласа  масъалаҳои  вобаста  ба  ҷараёни омодагиҳо ва дар сатҳи  баланд  истиқбол  гирифтани  ин ҷашни  муҳими таърихӣ  мавриди  баррасӣ  қарор дода шуд.

Тавре таъкид гардид, ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки мардуми сарбаланди тоҷик ба он бо талошу  тадбирҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ноил гардидаанд, аҳамияти бузурги  таърихӣ  дошта, истиқболи сазовор аз ин ҷашн нишони олии қадршиносӣ аз суботу оромии комили ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Барои  дар  сатҳи  баланди  омодагӣ  ва бо дастовардҳои шоёни меҳнатӣ  таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Кумитаи тадорукот таъсис ёфта, ҳайати он тасдиқ  шудааст.

Ҳамчунин  нақшаи чорабиниҳои  омодагӣ  ба  истиқболи сазовори ҷашни Ваҳдати миллӣ таҳия шудааст, ки баргузории барномаҳои гуногуни фарҳангию илмӣ, варзишӣ ва вусъати  корҳои  ободонию  созандагиро  дар мамлакат  фаро мегирад.

Дар  ҷаласа  аъзои  Кумитаи  тадорукоти таҷлили ҷашни 20-солагии  Ваҳдати  миллӣ,  барои  тақвият  бахшидани  омодагиҳо, баргузор  намудани   барномаҳои  гуногуни  оммавӣ, конфронсу  суҳбатҳо,  озмуну  маҳфилҳои  илмию  фарҳангӣ, вусъати корҳои  ободонию   созандагӣ  ва  дар маҷмӯъ,     таъмини   иҷрои  сифатнок ва саривақтии   нақшаи  чорабиниҳо  вазифадор карда шуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: