Имрӯз дар Тоҷикистон даври асосии имтиҳонҳо барои довталабон дар соли 2020 оғоз гардид

Имрӯз дар Тоҷикистон даври асосии имтиҳонҳо барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ — синфи 11-ум, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум табиӣ ва техникиро интихоб кардаанд, имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – қисми А оғоз гардид.

Тавре котиби маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Замира Абдусаломзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, имтиҳонҳои қисми А аз чор субтест иборат буда, фанҳои забони тоҷикӣ, математика, химия ва физикаро дар бар мегирад. Дар ин қисми имтиҳон довталаб субтести забони тоҷикиро ҳатман ба забони тоҷикӣ ва субтестҳои дигарро, вобаста аз забони имтиҳонсупорӣ, ки ҳангоми бақайдгирӣ интихоб кардааст, ба забони тоҷикӣ ё русӣ месупорад. Барои довталабон дар имтиҳонҳои қисми-А 220 дақиқа муқаррар шудааст.

Аз рӯи таҳлили кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 шумораи умумии довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ — синфи 11-ум, ибтидоӣ ва миёнаи касбии дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ номнависшуда 98 840 нафарро ташкил дод.

Мавсуф зикр намуд, ки имрӯз дар ин имтиҳон иштироки 16 601 нафар довталаби дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ номнависшудаи гурӯҳи ихтисосҳои 1-умро интихобкарда дар назар аст. Даври асосии имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – қисми А барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вобаста аз ҳар яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳо, тибқи ҷадвали баргузории имтиҳонҳо даври асосӣ то 6-уми июл идома меёбад. Довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ синфи 9-ум имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ – қисми Б-ро дар даври асосӣ рӯзи 7-уми июл месупоранд.

Ҳамчунин барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум тиб, биология ва варзишро интихобкарда, бинобар аз шумораи ҷойҳои нишасти пешбинишуда дар синфхонаҳо зиёд будани шумораи ин довталабон, имтиҳонҳои қисми А ба тартиби зерин 2 рӯзӣ гузаронида мешавад:

— рӯзи аввал – барои довталабоне, ки забони имтиҳонсупориашон тоҷикӣ буда, охири рақамҳои назоратияшон тоқ аст ва барои ҳамаи довталабони забони имтиҳонсупориашон русӣ;

— рӯзи дуюм – барои довталабоне, ки забони имтиҳонсупориашон тоҷикӣ буда, охири рақамҳои назоратияшон ҷуфт аст.

Мавриди зикр аст, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаффоф гузаштани ИМД тамоми тадбирҳои судмандро амалӣ намудааст.

Барои ташкил, баргузорӣ ва идораи имтиҳонҳо, ба ғайр аз кормандони асосии Марказ, беш аз 2350 нафар корманди муваққатӣ ҷалб карда шудаанд. Барои назорат ва ёрии амалӣ расонидан дар омода кардани марказҳои имтиҳонӣ, назорати раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ ва мониторинги он, инчунин барои қабули қарори дахлдор дар сурати рух додани мушкилот 120 нафар ҳамчун намояндаи ваколатдори Марказ ба марказҳои имтиҳонӣ равона карда шудаанд.

Инчунин, мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои таъмини шаффофият ва назорати раванди имтиҳонҳо дар ҳар маркази имтиҳонӣ комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият мекунад, ки ҳайати онро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳияе, ки дар ҳудуди он маркази имтиҳонӣ амал мекунад, муайян ва тасдиқ кардааст. Шумораи умумии ҳайати комиссияҳои ҷамъиятии ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ соли ҷорӣ 144 нафарро ташкил медиҳад.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, дар шароити паҳншавии бемории COVID-19 як қатор тадбирҳои иловагӣ ба нақша гирифта шудаанд. Аз ҷумла, ҳар як маркази имтиҳонӣ бо мавод ва воситаҳои зарурӣ тибқи талаботи санитарию гигиенӣ ва эпидемиологӣ таъмин карда шуд. Дар ҳар як маркази имтиҳонӣ иловатан як корманди техникӣ барои анҷом додани корҳои безараргардонӣ дезинфексия ҷалб гардид. Корҳои тамизгардонӣ зиддиуфунӣ, дезинфексия як рӯз пеш аз оғози имтиҳонҳо шурӯъ гардида, дар ин рӯз поксозии ҳамаи синфхонаҳои имтиҳонӣ ва ҳуҷраҳои дигар ба куллӣ анҷом дода шуд. Корҳои тамизгардонӣ ба таври ҳатмӣ ҳамарӯза пас аз баргузории имтиҳон низ роҳандозӣ мешаванд. Инчунин, дар ҳар як маркази имтиҳонӣ бунгоҳи тиббӣ ташкил гардида, бо кормандони тиб ва маводди зарурӣ барои ёрии аввалини тиббӣ таъмин карда шудааст. Пеш аз воридшавии довталабону шахсони дигар ба маркази имтиҳонӣ ҳарорати бадани ҳар яки онҳо санҷида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки навгонии назаррас дар низом дар соли равон таҳияи гардидааст, тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ аст, ки имсол ба роҳ монда мешавад. Мувофиқи ин тарҳ дар ИМД 2 қисми имтиҳонӣ тавассути Марказ баргузоршаванда вуҷуд дорад: имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ ‒ синфи 11-ум ва имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ ‒ синфи 9-ум. Инчунин вобаста ба раванди имтиҳонҳо ба роҳ мондани пахши имтиҳонҳо аз ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ дар ҳолати бархат (онлайн) тавассути камераҳои назоратӣ дар Марказ насб гардидааст.

Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо вобаста ба хол ва балҳои бадастовардаи ҳар яке аз довталабон ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани онҳо 19 июл ба нақша гирифта шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: