Дар Душанбе ҷаласаи VI Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи илми бунёдии кишварҳои узви ИДМ баргузор мегардад

Имрӯз, 12 октябр дар шаҳри Душанбе бори аввал ҷаласаи VI Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи илми бунёдии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Имсол раёсати Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад.

Тавре аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Россия иштирок менамоянд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба илми бунёдии кишварҳои аъзои ИДМ, лоиҳаи Созишнома дар бораи ҳамоҳангии муносибатҳои байнидавлатӣ дар самти тадқиқоти бунёдии кишварҳои аъзои ИДМ, лоиҳаи Шартнома дар бораи таъсиси фонди байнидавлатии илмию тадқиқотии кишварҳои аъзои ИДМ, лоиҳаҳои  илмии ояндадоре, ки ба самтҳои афзалиятноки тадқиқоти бунёдии кишварҳои узви ИДМ мувофиқанд, мавриди баррасии иштирокдорон қарор мегиранд.

Интизор меравад, ки дар ҷаласа ба яке аз муассисаҳои кишварҳои иштирокчии ИДМ мақоми ташкилоти заминавӣ дар самти илми бунёдӣ дода шавад.

Баъди баррасии 12 масъалаи рӯзномаи ҷаласа ба имзорасии қарорҳои дахлдор низ дар назар дошта шудааст.

Мавриди зикр аст, ки ҷаласаи V Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи илми бунёдии кишварҳои узви ИДМ соли 2017 дар Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардида буд. Дар он барои соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидани ҷаласаи VI Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи илми бунёдии кишварҳои узви ИДМ қарор қабул гардид.

Ба иттилои манбаъ, баъди анҷоми кори ҷаласа намояндагони кишварҳои ИДМ аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии кишвар боздид ба амал меоранд.

АМИТ «Ховар»

Tags: