Ба ҳолати 25 июн шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 9,5 миллион шуда, зиёда аз 485 ҳазор нафар гирифторони COVID-19 вафот кардаанд ва беш аз 5,1 миллион нафар беморон шифо ёфтаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).
Тибқи маълумоти нави СУТ, давоми шабонарӯзи гузашта 172 383 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуда, 5 071 сироятшуда фавтидаанд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон 9 532 128 нафар ва теъдоди фавтидагон 485 122 кас мебошад.
Ҳамзамон то имрӯз дар ҷаҳон 5 179 011 нафар гирифторони ин беморӣ шифо ёфтаанд.
Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (2 462 554 нафар), Бразилия (1 192 474), Россия (606 881), Ҳиндустон (473 105), Британияи Кабир (306 862), Испания (294 166), Перу (264 689), Чили (254 416), Италия (239 410) ва Эрон (212 501) дохил мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.
АМИТ «Ховар»