Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шаҳрвандонро ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми барасмиятдарории қитъаҳои наздиҳавлигӣ зудбовар набошанд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шаҳрвандони кишварро огоҳ месозад, ки зудбовар  набошанд ва барои бар хилофи қонун соҳиб шудан ба қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҳаракат нанамоянд.  Бояд қайд намуд, ки қаллобон ба боварии нафаре даромада, бо мақсади дарёфти даромади муфт ба ин навъи ҷиноят бисёр даст мезананд.

Тибқи иттилои вазорат,  дар давоми як ҳафта кормандони шӯъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Бӯстон ва Ваҳдат ду далели қаллобӣ оид ба ҷудо кардани заминро  ошкор намудаанд.

Дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯии милитсия бо гумони қаллобӣ як сокини 25-солаи шаҳри Бӯстон боздошта шуд.

«Моҳи декабри соли 2019 гумонбар як сокини 33-солаи шаҳри Конибодомро фиреб дода, аз ӯ 40 ҳазор сомонӣ рӯёнидааст. Қаллоб бар ивази пул  0,25 гектарро дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Э.Шарипов ваъда дода, ба қавлаш вафо накардааст.

Нисбат ба ҷавони номбурда бо моддаи 247 қ.3, КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад», — хабар медиҳад манбаъ.

Боз як рӯйдоди  ба ин монанд дар шаҳри Ваҳдат рух додааст. Ба шӯъбаи корҳои дохилӣ як сокини маҳалии 56-сола муроҷиат намуда, гуфтааст, ки соли 2015  марди 34-солаи  сокини ҳамин шаҳр аз ӯ 10 ҳазор доллар гирифта, ваъда додааст, ки барояш 0,06 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда медиҳад. Аммо дар асл ин кор амалӣ нагардид. Аз рӯи ин ҳодиса низ тафтишот идома дорад.

АМИТ «Ховар»

Tags: