Мулоқоти Ҷамолиддин Абдуллозода бо гурӯҳи табибони Полша

Имрӯз Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷуҳмурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо гурӯҳи калони табибони Полша, ки шоми 6 июн ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ташриф оварданд, вохурӣ намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари Полша ёдовар шуда, ташрифи табибони ин давлатро ба ҷумҳурӣ идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду давлат арзёбӣ намуд.

Ҳадафи  асосии  ташрифи табибони Полша ба Тоҷикистон табодули таҷриба ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 мебошад. Гурӯҳи табибони Полша давоми як моҳ ба беморхонаву муассисаҳои табобатии манотиқи гуногуни Тоҷикистон сафар карда, бо ҳамкасбони тоҷики худ табодули таҷриба менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки охири моҳи майи соли равон  бо ибтикори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гурӯҳи калони мутахассисони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии мардумии Чин  — асосан табибон дар ҳайати 14 нафар аз музофоти Шенсӣ ҷиҳати табодули таҷриба бо табибони тоҷик дар роҳи пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: