Ҳавопаймоҳои «Turkish Airlines» парвозҳоро ба Тоҷикистон оғоз мекунанд

Ҳукумати Туркия дар моҳи июн ният дорад, ки парвозҳои ҳавоиро бо 40 кишвар, аз ҷумла бо Тоҷикистон барқарор намояд. Қаблан парвози ҳавопаймоҳо   аз сабаби пандемияи ҷаҳонии  коронавирус қатъ гардида буданд. Ин хабарро вазири нақлиёти Туркия Адил Караисмаилоғлу  эълон намуд.

Дар Хадамоти матбуотии фурудгоҳи Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки онҳо дар бораи изҳороти вазири нақлиёти Туркия хабардор карда шудаанд,  аммо барои барқарор кардани фаъолият ҳанӯз фармоише нагирифтаанд.

«Барои пешгирӣ аз эпидемияи коронавирус тамоми кишварҳо парвозҳои байналмилалиро кам ва ё ҳатто қатъ  намуда буданд. Акнун мо бояд робитаҳоро аз нав барқарор созем»,- гуфт вазири нақлиёти Туркия Адил Караисмаилоғлу .

10 июн Туркия бо Кипри Шимолӣ, Баҳрайн, Булғория, Қатар ва Юнон парвози ҳавопаймоҳоро мекушояд.

15 июн бо Германия, Австрия, Озарбойҷон Чехия, Хорватия, Гонконг, Швейтсария, Япония, Македонияи Шимолӣ, Литва, Венгрия, Полша, Руминия, Сербия, Сингапур, Словения ва Тоҷикистон низ ба парвози ҳавопаймоҳо оғоз карда мешавад.

Шуруъ, аз  санаи  22 июн парвозҳо бо Албания, Босния ва Герсеговиния, Дания, Эстония, Финляндия, Кореяи Ҷанубӣ, Ирландия, Черногория, Қирғизистон, Латвия, Люксембург, Норвегия ва  Словакия, ва ҳамчунин  аз 25 июн  бо Белгия аз нав барқарор мешаванд.

Туркия парвозҳои байналмилалиро дар охири моҳи март қатъ намуд. Охири моҳи май Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар ба барқарорсозии фаъолияти иртиботи ҳавоӣ бо Россия ва Германия шурӯъ намуд. Вазири корҳои хориҷии кишвари болозикр  Мевлют Чавушоғлу гуфт, ки Туркия омода аст,  барои сайёҳон хатсайрҳои яккарата ташкил намояд.

Дар охири моҳи май ба шаҳрвандони  31 кишвар, аз ҷумла Россия барои табобат  гирифтан  дар муассисаҳои тиббии Туркия  иҷозати ворид гаштан ба қаламрави ин кишвар дода шуд. Ҳамчунин, Туркия ва Россия ҷиҳати барҳам додани маҳдудиятҳои тарафайн барои нақлиёт боркаш,  ба мувофиқа расиданд.

АМИТХовар»

Tags: