22 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Красноярски Россия ба Ватан баргардонида шуданд

Шоми 26 май 22 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Федератсияи Россия қарор доштанд, аз Красноярск ба Ватан баргардонида шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳамчунин бо парвози мазкури ҳавопаймои ширкати «Уральские авиалинии» ҷасади як нафар шаҳрванди  Тоҷикистон ба Душанбе  оварда  шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Россия хабар медиҳад, тайи рӯзҳои охир ва давоми ҳафтаи равон дар мувофиқа бо мақомоти Россия ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатӣ мондаанд, ба Ватан баргардонида мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: