Дар Душанбе боз 200 бинову иншоот ба шабакаҳои гармидиҳӣ пайваст мегарданд

Барои пайваст намудани боз 200 бинову иншооти пойтахт  ба шабакаҳои гармидиҳӣ дар давраи зимистони солҳои 2021-2022 таклиф пешниҳод намоед, — чунин дастур доданд ба сохторҳои дахлдор Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар  иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, ки имрӯз дар пойтахти мамлакат  баргузор  гардид.  

Дар иҷлосия зикр гардид, ки  ба ҳолати 1 декабри соли 2020 дар пойтахт ба 2560 иншоот энергияи гармӣ интиқол дода шуд, ки 101 фоизи иҷрои нақшаи пешбинигардидаро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти оморӣ соли 2020 1,4 миллиард кВт соат энергияи барқ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 фоиз зиёд мебошад.

Рустами Эмомалӣ  бо мақсади сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ ва пешгирии ҳолатҳои  ба таври  дузди истифода бурдан аз он, махсусан дар давраи зимистон ба муовини соҳавӣ   дастуру супориш доданд, ки якҷо бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, сохторҳои дахлдори шаҳрию ҷумҳуриявӣ корҳои санҷишию фаҳмондадиҳиро дар ташкилоту муассисаҳо ва байни сокинони пойтахт  тақвият  бахшанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: