21 май Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ «Дар бораи Тартиб ва меъёрҳои пардохт барои додани иҷозати сохтмони бино ва иншоот дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе» қарор ба тасвиб расонд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Қарори мазкур бо мақсади рушди босуботи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе ва ҷалби бештари сармоягузорӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ, бо инобати мактуби Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва хулосаи шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаҳои 1, 5, 82 (2)-82 (7) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» қабул гардидааст.
Дар қарор омадааст, ки тартиб ва меъёрҳои пардохт барои додани иҷозати сохтмони бино ва иншоот дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд. Ҳамзамон роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе якҷо бо Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе ва Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе муваззаф гардидаанд, ки ҷиҳати иҷрои талаботи тартиб ва меъёрҳои мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Бо қабули қарори мазкур Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 16 апрели соли 2019 «Дар бораи Тартиб ва меъёрҳои пардохт барои додани иҷозати сохтмони бино ва иншоот дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шахри Душанбе» аз эътибор соқит дониста мешавад.
Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод шуда, назорати иҷрои он ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе вогузор мегардад.
АМИТ «Ховар»