Имрўз дар ҷаласаи назоратии назди директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо қарори ҳайати мушовара роҳбарият ва ҳайати роҳбарикунандаи муассиса дар пайравӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маоши вазифавии якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсуси кўмаки молиявӣ барои бартараф намудани коронавирус COVID-19 гузарониданд.
Бори дигар дар ҷаласа ба аҳли кормандон таъкиди риояи ҳатмии маслиҳати мутахассисони соҳаи тиб, талаботи санитари- гигиенӣ, худдорӣ аз гаштугузори бемаврид дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, истифодаи ниқобҳо ва маводҳои безараргардонӣ дар коргоҳ ва ҷойҳои серодам тавсия дода шуд.