Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод бо намояндагони Парлумони Британияи Кабир аз Палатаи намояндагон ва Гурӯҳи дӯстии парлумонии Тоҷикистону Шоҳигарии Муттаҳида Найҷел Миллс ва Пол Монангон атрофи масъалаҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», вазъияти бонкҳо, ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба Тоҷикистон, рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва сайёҳӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот ҳамчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Британияи Кабир Ҳю Стэнли Филпотт иштирок намуд.
Дар назар аст, ки намояндагони Парлумони Британияи Кабир аз Палатаи намояндагон ва Гурӯҳи дӯстии парлумонии Тоҷикистону Шоҳигарии Муттаҳида Найҷел Миллс ва Паул Монангон дар доираи сафар аз Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» боздид ба амал оварда, бо фаъолияти субъектҳои он аз наздик шинос шаванд.
АМИТ «Ховар»