Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо Сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Ҷумҳуриии Қирғизистон Ҷаниш Рустенбеков 30 январ дар Душанбе мулоқот намуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Дар мулоқот масъалаҳои густариши равобити фарҳангӣ байни ду давлат, аз ҷумла васеъ кардани доираи ҳамкорӣ дар соҳаи санъати театрӣ ва мусиқию рақс, ташкили барномаҳои муштараки фарҳангӣ дар минтақаҳои сарҳадӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷараёни суҳбат Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода зикр намуд, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон ду кишвари ҳамсарҳад ва дӯст буда, барои рушди ҳамкорӣ ҳамаи имкониятҳо вуҷуд доранд.
Ҷаниш Рустенбеков пешниҳод намуд, ки баргузории барномаи муштараки фарҳангӣ бо иштироки аҳли фарҳанг ва санъати вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон давоми сол баррасӣ гардад.
АМИТ «Ховар»