21 апрел Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва навсозии роҳи Душанбе-Бохтар шинос шуд. Татбиқи лоиҳаи мазкур моҳи октябри соли 2018 оғоз гардида, анҷоми он тирамоҳи соли 2021 пешбинӣ шудааст.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, дар сафар Сарвазири мамлакатро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва роҳбарони як зумра вазорату идораҳо ҳамроҳӣ намуданд.
Зикр шуд, ки маблағи умумии марҳилаи якуми лоиҳа ба ҳолати 20 апрел 107,5 миллион доллари америкоиро ташкил дода, аз ин ҳисоб 90 миллион доллари америкоӣ гранти Бонки Осиёгии Рушд ва 17,5 миллион доллари америкоӣ ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ба иттилои манбаъ, бо дастури Сарвазири мамлакат дар доираи лоиҳаи «Таҷдид ва азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар» марҳилаҳои 1 ва 2 аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шафати роҳ 2220 бех ниҳолҳои сояафкан, ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шудаанд.
Инчунин дар ин рӯз Сарвазири мамлакат аз кишти зироати кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии «Фахри Истиқлол»-и ноҳияи Хуросон дидан намуд.
Хоҷагии мазкур дорои 14 гектар замин буда, кишоварзон ба кишти зироати кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, картошка, пиёзи барвақтӣ, сабзавот, аз қабили помидор, бодиринг, қаламфур ва хӯроки чорво машғул мебошанд.
«Кишти пахта дар майдони 10 га ба роҳ монда шуда, айни ҳол коркарди агротехникӣ ва нармкунии байни қаторҳо ҷараён дорад»,- афзуд манбаъ.
Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Хуросон инчунин бо таҷрибаи парвариши сабзавоти барвақтӣ дар заминҳои наздиҳавлигии Абдуалим Қурбонов, ки дар он картошка ва сирпиёз кишт гардидааст, шинос гардида, мавсуфро барои деҳқонону сокинони мамлакат намунаи ибрат арзёбӣ намуд.
«Сарвазири мамлакат дар мулоқоти сарироҳӣ бо сокинони ноҳия онҳоро ба истифодаи оқилонаву самараовари замин, бардоштани ду-се ҳосил ва сарфаю сариштакорӣ даъват намуд», — афзуд манбаъ.
АМИТ «Ховар»