Чанде қабл зери роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи навбатии Шӯрои байниидоравӣ доир ба таъмини бехатарии радиатсионӣ баргузор гардид, ки дар он аъзои Шӯро, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Дар оғози ҷаласа ҳисоботи Директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ барои давраи сипаригардида ва муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаи ташрифи гурӯҳи корӣ ба КВД “Нури Ховар” шунида шуд.
Муовини Сарвазир баррасии дастаҷамъонаи корҳоро дар ин самт ва ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои масъули соҳаро мавриди муҳокимаи аъзои шўро қарор дода, аз масъулин талаб намуд, ки иҷрои вазифаҳои ба онҳо гузошташударо сари вақт ва дар муҳлатҳои пешбинишуда бо сифати баланд таъмин намоянд. Зикр карда шуд, ки ҳолати кунунии ташкили кор дар ин самт қонеъкунанда намебошад.
Муовини Сарвазир таъкид намуд, ки самаранок амалӣ намудани имкониятҳо дар доираи Созишномаи ҳошиявии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд «Вобаста ба фаъолият дар доираи ҳисоби барқарорсозии муҳити зист барои Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Созишномаи байнидавлатии давлатҳои АвруОсиё (ҳоло бо сарпарастии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) Барномаи байнидавлатии мақсадноки “Солимгардонии ҳудудҳои давлатҳои зери таъсири истеҳсолоти уран қароргирифта”, барои солимгардонии ҳудудҳои зери истеҳсолоти уран қарордошта заминаи мусоид фароҳам меоваранд.
«Имрӯз мо на танҳо масъул барои солимгардонии ҳудудҳои зарардида аз истеҳсоли уран мебошем, балки вазифадор гаштаем, ки барои насли ояндаи миллатамон ҳудуди поку мусаффо мерос гузорем», — тазаккур дод Азим Иброҳим.
Дар интиҳои ҷаласаи корӣ вобаста ба тақвият бахшидани корҳо, амалисозии вазифаҳои нақшавӣ ва андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати таъмин намудани бехатарии радиатсионӣ, ки аз ҷониби муовини Сарвазир баён гардид, қарорҳои дахлдори протоколӣ қабул карда шуданд.
АМИТ «Ховар»