Шакармамад Мирмамадов Шоҳҷоизаи мусобиқаи гӯштин -мошини сабукрав дар ноҳияи Ванҷро соҳиб шуд

Дар ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мусобиқаи варзишӣ аз намуди гӯштини миллӣ барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин бора шореҳи варзиш Каримхон Бекматов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.

Барои ғолиби мутлақи мусобиқа Шоҳҷоиза- мошини сабукрав гузошта шуда буд, ки онро паҳлавони маъруфи тоҷик Шакармамад Мирмамадов баъди дар финал мағлуб намудани гӯштингир  Фарёд Шайхов ба даст овард.

Ғолибони мусобиқаи мазкур бо туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сарфароз гардонида шуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: