Сарбозон дар Хуҷанд ҳунари ошпазию сартарошӣ омӯхтанд

Ба 74 нафар сарбози  қисми низомии 3501-и  Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ,  воқеъ дар шаҳри Хуҷанд дар вазъияти тантанавӣ аз рӯи ихтисосҳои ошпаз, устоҳои сартарош,  барқ ва мутахассиси техникаи санитарӣ (сантехник) шаҳодатнома супорида шуд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷамъомади мазкур бо иштироки сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Абдулло Навҷувонов ва муовини фармондеҳи қӯшунҳои дохилии ВКД  Некрӯз Туразода  сурат гирифт.

Абдулло Навҷувонов  сарбозони соҳибкасбро аз номи Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода табрик намуда, ба онҳо тавсия дод, ки ҳунари азхудкардаро ба нафъи миллат сарф намоянд.

Ҳамзамон устодони дар тарбияи сарбозон саҳмдошта бо Сипосномаи ВКД қадршиносӣ карда шуда,  барои мунтазам идома додани курсҳои касбомӯзӣ ва васеъ намудани доираи ихтисосҳо  дастур гирифтанд.

Мавриди зикр  аст, ки соҳибкасб намудани сарбозон ҳангоми адои хизмат бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мегардад. Ҳадафи он дар оянда ба шуғл фаро гирифтани ҷавонони қобили меҳнат мебошад.

Ҷиҳати таъмини дастури Пешвои миллат роҳбарияти ВКД заминаи касбомӯзиро дар қисмҳои ҳарбии қӯшунҳои дохилӣ фароҳам овардаст, ки метавонад барои соҳибкасб шудани сарбозон мусоидат намояд.

Чунин заминаи касбомӯзӣ дар қисми низомии №3501 Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД дар ҳамкорӣ бо Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд созмон ёфта, бо ҷалби омӯзгорони омӯзишгоҳу коллеҷҳои таълимии шаҳри Хуҷанд аз рӯи чор ихтисос- ошпаз, устои сартарош, барқ ва мутахассиси техникаи санитарӣ мутахассисони касбии таълимдида тайёр карда шуданд

Тавре таъкид шуд, ҳангоми сафарбар намудан ба касбомӯзӣ майлу хоҳиши сарбоз ба инобат гирифта шуда, ихтиёрӣ сурат мегирад. Муҳлати таҳсил дар курсҳои омӯзишӣ як моҳ муқаррар гардида, баъди аз худ кардани нозукиҳои касб сарбозон бо диплом сарфароз мешаванд.

Ҷамъомад бо гузашти низомии сарбозону афсарони қисми ҳарбӣ хотима ёфт.

АМИТ «Ховар»

 

Tags: