Дар Ню-Йорк мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Норвегия доир шуд

21 сентябр дар ҳошияи иҷлосияи 76-уми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Норвегия Ине Мари Эриксен Сюрайде вохӯрӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо масоил ва роҳҳои тақвияти ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисод ва маориф мавриди баррасӣ қарор доданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: