Дар музофоти Хубейи Чин шумораи шахсони нобудшуда аз коронавируси нав то 490 нафар афзуда, гирифторони ин беморӣ ба 24,3 ҳазор нафар расидаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии беҳдошт ва саломатии Чин.
Ҳамзамон 520 нафар аз беморхона бо сабаби шифоёбӣ гусел карда шуданд. Зикр мегардад, ки ин рақам бори нахуст аз шахсони ҳалокшуда зиёд мебошад, яъне шифоёфтагон аз фавтидагон афзунтаранд.
Қаблан дар бораи 414 ҳалокшуда ва 13 522 нафарони сироятёфта маълумот нашр гашта буд.
Мутобиқи хабари мақомоти марказӣ, 185,5 ҳазор нафари дигар таҳти назорати табибонанд.
Аз рӯи хабарҳои нави портал 848 нафар сиҳат шудаанд. Дар байни музофотҳо Хубей бо шумораи сироятшудагон ҳанӯз ҳам дар ҷои аввал меистад (16,6 ҳазор бемор), ки 479 нафари он фавтидаанд. Баъди он музофотҳои Чжэсян ва Гуандун қарор доранд, ки то ҳол аз ин вирус касе вафот накарда ва мутаносибан ба 829 ва 813 нафар сироятёфта баробар аст. Дар Пекин ин нишондиҳанда аз 282 нафар (як тан фавтида) иборат аст, дар минтақаҳои Хэйлунсзян ва Муғулистони ҳаммарз бо Россия 155 нафар (ду қурбоншуда) ва 35 шахси сироятёфта мавҷуданд.
Ёдрас мешавем, ки хуруҷи бемории илтиҳоби шуш, ки барангезандааш 2019-nCoV мебошад, охири соли гузашта дар шаҳри Ухани Чин рух дода буд.
Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ вазъи бемориро ҳамчун ҳолати фавқулодаи дорои аҳамияти байналмилалӣ эътироф намудааст.
АМИТ «Ховар»