Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро дар чоҳорчӯби сафари расмияш 30 январ дар Белград ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Чумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот доир ба масъалаҳои густариши муносибатҳои ҳамкорӣ байни ду давлат дар соҳаҳои гуногун ва дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
Ҳамчунин 30 январ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Раиси Шӯрои миллии Ҷумҳурии Сербия Майи Гойкович ва Вазири корҳои хориҷии Сербия Ивитса Дачич баргузор гардид.
Дар мулоқотҳои мазкур ҷонибҳо масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Сербияро дар заминаҳои мухталиф баррасӣ намуда, перомуни мавзӯъҳои минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор карданд.
Дар анҷоми мулоқот Ёддошти тафоҳум роҷеъ ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия ба имзо расид.
АМИТ «Ховар»