Роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ кушода шуд

Чанд лаҳза пеш роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ аз тармаҳо тоза карда шуда,  ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз самти Хуҷанд ба Душанбе ва аз Душанбе ба Хуҷанд ба роҳ монда шуд.  Дар ин бора ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» сардори Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери Абдулло хабар дод. 

Ба иттилои Далери Абдулло, «то ҳанӯз хатари тармафароӣ дар ин минтақа мавҷуд буда, аз ронандагон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми ҳаракат бодиққат бошанд».

Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 22 январи соли 2020 бинобар шадид ва беист будани бориши барф ва бениҳоят зиёд будани хавфи тармафароӣ дар километрҳои 48 то 84  роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ дар мувофиқа бо Раёсати БДА Вазорати корҳои дохилӣ ва тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт тавассути роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ муваққатан қатъ шуда буд.

Баробари расидани  хабари нав маълумоти иловагӣ  пешниҳод мегардад.

АМИТ «Ховар»

Tags: