Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: аз сафарҳои нозарур ба маҳалҳои хатарнок худдорӣ намоед

22 январ дар ҷумҳурӣ номусоидии вазъи ҳаво боқӣ монда, дар водиҳо ва доманакӯҳҳо боридани  борон ва барф дар назар аст. Дар ноҳияҳои тобеи марказ, ноҳияҳои доманакӯҳи вилояти Хатлон ва ноҳияҳои ғарбии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон борону барфи бошиддат меборадДар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

23 январ ҳаво соф шуда, шабона ва саҳаргоҳон ҳарорат паст мешавад. Ҳаво дар водиҳо  3-8, дар ноҳияҳои доманакӯҳ 8-13, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 13-18 ва баландкӯҳҳо 35-40 дараҷа (дар мавзеи Булункӯл то -50 дараҷа) хунук мешавад. 21-25 январ дар бештари манотиқи ҷумҳурӣ (ба истиснои ВМКБ) фаромадани туман аз эҳтимол дур нест.  21-23 январ дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ фаромадани тарма пешгӯӣ шуда, дар роҳҳои нақлиётгарди ноҳияҳои доманакӯҳ яхбандӣ ва пайдоиши қабати барф пешбинӣ шудааст.

Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони деҳот, минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ муроҷиат намуда, хоҳиш менамояд, ки  ҳангоми гарм кардани хонаҳо қоидаҳои бехатарии сӯхторро риоя намоянд. Ба хатҳои интиқоли барқ асбобҳои гармкунандаи зиёди барқӣ пайваст накунанд. Ҳангоми гарм кардани хона бо ангишт хеле эҳтиёткор буда, дудбарои печҳоро боз монанд.

Инчунин  Кумита аз шаҳрвандон  хоҳиш менамояд, ки  аз сафарҳои бидуни зарурат ба маҳалҳои хатарнок, роҳҳои пурхатари нақлиётӣ, ғунучини ҳезум ва рафтан ба кӯҳҳову доманакӯҳҳо худдорӣ намоянд.

«Дар натиҷаи бориши пуршиддати барф ва тағйири ҳарорати ҳаво дар бомҳои хонаҳо метавонад барфтӯда ғарам шуда, аз вазнинӣ ба зер лағжад, ки ин боиси мушкилии дигар дар роҳҳо мешавад.  Барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш Кумитаи мазкур аз роҳбарони ҳамаи муассисаҳо, соҳибони хонаҳои хусусии истиқоматӣ даъват мекунад, ки бомҳоро сари вақт аз барфи зиёд ва шушаҳои овезон пок созанд. Ҳамзамон ба соҳибони ин хонаҳо тавсия дода мешавад, ки ҳангоми тоза кардани бомҳо ҳамеша аз эҳтиёт кор гирифта, ба саросемагӣ роҳ надиҳанд. Ронандагон низ дар  роҳҳо хеле эҳтиёткор бошанд, қоидаҳои ронандагиро ҷиддан риоя кунанд ва аз сафарҳои бе зарурат худдорӣ намоянд»,- тавсия додааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар сурати рух додани ҳолатҳои фавқулода ва ё ягон ҳодисаи нохуш дар роҳҳо шаҳрвандон ва меҳмонон метавонанд бо телефонҳои:  112,  93 880 28 19 ва 23-13-11 ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ  муроҷиат намоянд.

АМИТ «Ховар»

Tags: