Ҳайати тиҷоратии шаҳри Қунияи Туркия аз Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дидан намуд

ТВТ. 07.09.2022.  6 сентябр ҳайати тиҷоратии шаҳри Қунияи Туркия ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта, баъд аз мулоқот бо роҳбарияти вилоят ва ноҳия аз Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва дигар корхонаҳои саноатӣ боздид ба амал овард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар доданд.

Ҳамзамон дар МОИ «Данғара» бо иштироки доираи васеи ширкатҳои тоҷикию туркӣ, роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Форуми минтақавии дуҷонибаи «Вохӯрии байниминтақавии соҳибкорони вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Қунияи Ҷумҳурии Туркия» бо назардошти нишастҳои тиҷоратии кории «В2В» баргузор гардид.

Дар доираи форум миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлони Тоҷикистон ва Палатаи савдои Қуния, инчунин МОИ «Данғара» ва Парки технологии «Билишим Вадиси» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, аз 4 то 8 сентябр бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Анқара ва дигар вазорату идораҳои Тоҷикистон ва Туркия ҳайати тиҷоратии шаҳри Қунияи Туркия ҷиҳати дарёфти роҳҳои нави тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ба Тоҷикистон сафарбар гардид.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: