ДАСТОВАРДҲОИ СОЛИ 2019. «Сиёма» бо ҷоизаи махсуси Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ сарфароз гардид

Корхонаи истеҳсоли обҳои нӯшокӣ ва маҳсулоти машруботии «Сиёма» зери бренди «СИЁМА» дар Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол-2019»  ба қуллаи шараф баромада, бо ҷоизаи махсуси Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) сарфароз гардонида шуд.

Ин ҷоизаи бонуфуз дар маросими тантанавии Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол-2019», ки  таҳти унвони «Қуллаи шараф»  18 декабр дар Душанбе ҷамъбаст гардид, ба Директори корхонаи мазкур  Умедҷон Умаров супорида шуд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли 2018, дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти аз ҷониби  СММ Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон гардидани солҳои 2018-2028, ки пешниҳоди роҳбарияти олии сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад,  ба  бунёди Корхонаи истеҳсоли обҳои нӯшокӣ ва маҳсулоти машруботии «Сиёма» дар шаҳри Душанбе санги асос гузошта буданд. 27 августи соли равон  корхонаи мазкур мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Пешвои миллат дар маросими гузоштани санги асоси ин корхона   зикр  намуданд, ки  «лоиҳаи «Сиёма» аз нигоҳи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ манфиатовар буда, тибқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва санитария икдоми басо саривақтӣ мебошад».

Дарёи Сиёма дар масофаи 50 км дур аз шаҳри Душанбе дар дараи хушманзараи Варзоб қарор дошта, сарчашмаи об аз қабати пиряхҳо ва барфҳо ба дарёи Сиёма ҷорӣ гардида, яке аз обҳои шаффофу пурсафои ҷаҳон дар асоси ташхисҳои бисёркарата ҳисобида мешавад. Зеро тибқи тадқиқоти олимони соҳа, оби Сиёма ба организми зинда таъсири мусбат расонида, барои тавоноии тан, бахусус кори мушакҳо, рӯда, ҳазмкунии таом ва барои тозакунии организм басо фоидаовар арзёбӣ карда шудааст. Бояд зикр намуд, ки оби Сиёма  аз дигар обҳои рӯи замин тафовут дошта, дар Озмуни байналмилалии обҳои ошомиданӣ, ки соли 2001 дар ИМА баргузор гардида буд, ба даҳгонаи обҳои беҳтарини ҷаҳон шомил карда шуд.

ДАР АКС: оби «Сиёма» дар ҷашнвораи байналмилалии
обҳои ошомиданӣ Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Корхонаи истеҳсоли обҳои нӯшокӣ ва маҳсулоти машруботии «Сиёма» Умедҷон Умаров иброз намуд, соли 2019 барои корхона бисёр соли босамар ва пур аз дастовардҳо буд. Сарфи назар аз он, ки корхона хеле ҷавон аст, аллакай якчанд ҷоизаву ифтихорнома ва сипосномаҳоро ба даст овардааст.

Аз 29 ноябр то 1 феврали соли 2020 дар шаҳри Абу Забӣ  ҷашнвораи байналмилалии бонуфуз ҷараён дорад, ки дар доираи он намоишгоҳи обҳои нӯшокӣ низ ташкил карда шудааст. «Сиёма» Тоҷикистонро дар ин  ҳамоиши байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Бино ба иттилои роҳбари корхона, ду мошини калон обҳои нӯшокӣ барои муаррифӣ ба Арабистони Саудӣ интиқол дода шуданд. Дар яке аз рӯзномаҳои бонуфузи ин давлат — «Иттиҳод» дар бораи оби «Сиёма» маълумоти муфассал низ ба нашр расид.  Иштирок дар чунин намоишгоҳ дастоварди дигари корхона дар соли 2019 мебошад.

Айни замон дар корхона истеҳсоли якчанд намуд обҳои газнок, бе газ ва обҳои хуштаъм дар зарфҳои пластикӣ ва шишагии гуногунҳаҷм ба роҳ монда шуда, намуди зоҳирӣ ва сифати он ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои дохилӣ ва хориҷӣ мебошад. Ба фаъолият оғоз намудани корхонаи мазкур имконият медиҳад, ки минбаъд дар ин ҷо на танҳо маҳсулоти воридотивазкунанда, балки ба содирот нигаронидашуда низ истеҳсол карда шавад, зеро корхона фаъолияти худро аз рӯи стандартҳои эътирофгардидаи ҷаҳонӣ роҳандозӣ кардааст.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Tags: