Дар Душанбе тӯли як моҳ бузургтарин Фестивал-ярмаркаи намоиш ва фурӯши маҳсулот ҷараён мегирад

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дар ҳамдастӣ бо ширкати “Рахш Такси” дар пойтахти Тоҷикистон бузургтарин Фестивал-ярмаркаи намоиш ва фурӯши маҳсулот роҳандозӣ гардидааст.

Тавре сардори шуъбаи маркетинги ширкати “Рахш Такси” Руслани Сарбоз ба АМИТ «Ховар» хабар дод, чанд рӯз аст, ки таҳти унвони “Соли нави мелодии 2020” дар хиёбони марказии пойтахт – Рӯдакӣ ярмаркаи бошукӯҳтарин доир гардида истодааст.

Ба иттилои мавсуф, ба ин ярмарка–бозори бузурги фурӯши маҳсулоти мухталиф соҳибкорони муваффақ даъват шудаанд. Онҳо зимни ярмарка маҳсулоти хешро муаррифӣ менамоянд, то сокинону меҳмонони пойтахт имкони шиносоиву хариди онро пайдо кунанд.

“Аз ҷониби созмондиҳандагон дӯконҳои махсуси орододашуда пешниҳод мешаванд ва ширкатҳо онҳоро ба иҷора мегиранд. Тамоми сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд дар он ширкат кунанд”, — афзуд Руслани Сарбоз.

Ёдовар мешавем, ки ярмаркаи мазкур аз 15 декабр то 15 январ дар Боғи шаҳрии ба номи Устод Рӯдакӣ аз соати  10:00 то 23:00 ҷараён мегирад.

Даромад ба боғи мазкур озод аст.

АМИТ «Ховар»

Tags: