ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво боронӣ мешавад

Имрӯз дар  ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад. Дар  баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят боришот шиддат  мегирад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона  7+12 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона  аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, дар ноҳияҳо борон меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазор метр барф меборад.   Шамол аз самти  ғарб бо  суръати 3-8  метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6  ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва   рӯзона    3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво  абрнок  шуда,  дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад.  Туман  мефарояд.   Шамол аз самти ғарб  бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8  ва рӯзона 10+15  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона  8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Шабона  дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазор метр барф меборад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 2+7 ва рӯзона 10+15  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб  бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 4+6   ва  рӯзона  12+14 дараҷа гарм мешавад.
АМИТ «Ховар»

Tags: