Дар Москва ҷаласаи Шӯрои умумироссиягии маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» баргузор мегардад

2 декабр дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Шӯрои умумироссиягии маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» баргузор мегардад. Ҷаласаи Шӯрои маҳфил бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия роҳандозӣ шуда, он таҳти раёсати раиси Шӯрои намояндагии маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов гузаронида мешавад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар ҷаласаи Шӯро роҳбари маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта», роҳбарони намояндагии маҳфил дар шаҳр, вилоятҳои Федератсияи Россия ва аъзои фаъоли маҳфил иштирок менамоянд. Ҷаласаи  Шӯрои умумироссиягии маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» дар як сол як маротиба доир шуда, дар он вобаста ба тақвияти кори маҳфил дар Федератсияи Россия, амалинамоии нақшаи кори маҳфил, ба роҳ мондани амалишавиии Нақшаи фаъолияти кори маҳфил барои солҳои 2019 -2020, баргузории барномаҳои гуногуни адабию маърифатӣ, оммавию варзишӣ ва ҳамзамон як зумра масъалаҳои ҷорӣ мавридӣ баррасӣ қарор дода мешаванд.

Маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2014 дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Ҳоло маҳфил  намояндагии худро дар 16 давлати дунё таъсис додааст.

Дар Федератсияи Россия намояндагии маҳфил дар заминаи дастгириҳои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия фаъолият намуда, то кунун дар беш аз 25 минтақаи Федератсияи Россия намояндагии маҳфил таъсис ёфтааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: