Тавре иттилоъ дода будем, бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил гардидани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти ҷумҳурӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ як зумра иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар расми ифтитоҳи он муовини раиси вилояти Хатлон Хайрулло Амонулло, раиси ноҳияи Ҳамадонӣ Бозоралӣ Одиназода ва дигар меҳмонон ширкат варзиданд.
Тавре аз Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳия ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бино аз ду ошёна ва 7 утоқи корӣ иборат мебошад. Он бо маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ сохта шуда, бо тамоми шароити замонавӣ муҷаҳҳаз мебошад. Гуфта шуд, ки барои фаъолияти кормандони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ аз тарафи Ҳукумати мамлакат як мошини сабукрави хизматӣ низ тақдим гардид.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар ҳамин рӯз аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Хушнуд Чиллаев Маркази хизматрасонии «Омина» бо тамоми шароити замони муосир ба истифода дода шуд.
Бародари соҳибкор Қурбоналӣ Чиллаев дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» чунин гуфт: «Маркази хизматрасонии «Омина» дар маркази ноҳия қомат афрохта, аз ду ошёна иборат мебошад. Дар он кошонаи ҳусн, стомотология, филиали “Амонатбонк”-и ноҳиявӣ ва дорухона амал мекунанд».
Айни замон дар марказ 20 нафар шаҳрвандони ноҳия бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд. Маркази хизматрасонӣ ба маблағи зиёда аз 400 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.
АМИТ «Ховар»