Вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд мулоқот намуданд

15 ноябр дар Тошканд ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин ҷаласа  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин роҳбарӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикисон хабар медиҳад.

Дар мулоқот масоили мавҷудаи рушди минтақа, самтҳои мухталифи ҳамкории минбаъда ва дигар масъалаҳои муҳими мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.

Роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ инчунин мавзӯъҳои мулоқоти машваратии дарпешистодаи сарони давлатҳои Осиёи Марказиро, ки охири моҳи ноябр дар Тошканд баргузор мешавад, баррасӣ карданд. Дар мулоқоти мазкур бо иштироки сарони давлатҳо масъалаҳои ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, рушди зерсохтори нақлиёт, ҳамкории илмӣ, техникӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳамкории мутақобилан судманд баррасӣ хоҳанд шуд.

Акс аз ВКХ ҶТ

АМИТ «Ховар»

Tags: