Хуршед Каримзода: «Дар самти воридоти мол ба Тоҷикистон Россия, Қазоқистон ва Чин пешсафанд»

Дар самти воридоти молу маҳсулот Федератсияи Россия ҳамоно яке аз шарикони асосӣ ва пешсафи тиҷорати хориҷии Тоҷикистон боқӣ монда,  дар раддабандии воридоти мол аз хориҷа ба ҷумҳурӣ Россия бо 30,6 фоиз мақоми аввалро касб менамояд.      Инчунин 21,5 фоизи воридоти мол ба Қазоқистон, 16,9 фоиз ба Чин, 4,5 фоиз ба Туркия, 4,4 фоиз ба  Ӯзбекистон, 2,2 фоиз ба  Япония,  2 фоиз  ба Германия ва 1,5 фоиз ба Украина  рост меояд. Бояд тазаккур дод, ки аз ҳаҷми умумии воридот 61 фоиз ё 947,7 миллион доллар  ба давлатҳои хориҷаи наздик ва 39 фоиз ё 608,4 миллион доллар ба кишварҳои хориҷии дур  марбут аст. 

Сардори  Хадамоти гумруки назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хуршед Каримзода имрӯз зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти  мақомоти гумруки мамлакат дар соли равон  дар нишасти матбуотӣ   тамоюли афзоиши ҳаҷми воридоти молу маҳсулотро ба мамлакат ба татбиқи  имтиёзҳои  андозию гумрукӣ рабт дод.

Мавсуф афзуд, ки имтиёзҳои андозию гумрукӣ бо мақсади беҳтар  намудани   фазои сармоягузории ҷумҳурӣ, татбиқи лоиҳаҳои  сармоягузорӣ  дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ,  бо таҷҳизоти истеҳсолию  технологии муосир  муҷаҳҳаз намудани  корхонаҳои истеҳсолии мамлакат,  даст кашидан  аз мошинҳои  кӯҳна  ва нав кардани парки  автомобилӣ, сохтмони иншооти  муҳим, ки воситаи асосии ҷалби  сармоя ва рушди иқтисодиёт ба ҳисоб мераванд, пешниҳод гардидаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: