ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  — рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент  ва миллат буда, дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ баргузор намудани он нишонаи шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан   ба   арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегардад. Дар робита ба ин Ректори  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд  ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,  доктори илмҳои таърихпрофессор Ҷамшед ҶӮРАЗОДА андешаҳои хешро ба АМИТ «Ховар» чунин иброз намуд.

-Сиёсати фарҳангии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон аз Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз бо заковати фитрии намояндагони мардумӣ ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад. Хусусан ин раванд аз соли 1994, баъди бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъати тоза гирифт. Дар муддати панҷ соли минбаъда сиёсати фарҳангӣ комилан барои ноил шудан ба оштии миллӣ ва барқарору устувор гардонидани унсурҳои асосии давлат равона карда шуд.

Аркони асосии давлат дар меъёри талаботи байналмилалӣ  ба дараҷаи баланд барпо карда мешуд, вале ҳамоно ҷанги бародаркуш,    куштор, дуздиву ғоратгарӣ,  роҳзанӣ ва дигар амалҳои ношоиста идома доштанд. Сиёсати  Сарвари  давлат асосан ба самти сулҳофарӣ равона шуда бошад ҳам, тарғибот дар нигаҳдошту тарвиҷи анъаноту русуми ниёгон, муроҷиат ба зиёиёну олимон, омӯзгорону устодон, равшанфикрони диёр баҳри эҳёи Тоҷикистон ва расидан ба ваҳдати миллӣ  ҳамвора садо медод ва сокинони ҷумҳурӣ  эҳсос мекарданд, ки Сарвари тозаинтихоби  давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ абармарди ҷасур, дилсӯзу меҳанпарвар ва фарҳангдӯст аст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки заминаи асосии ҳуқуқии нигоҳ доштан, эҳё намудан ва инкишофи иҷтимоию фарҳангии анъанаҳои миллӣ, пеш аз ҳама, баъди ба сари ҳокимият омадани Пешвои дурандешу хирадманд Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд. Маҳз дар ҳамин марҳила таҷлили рӯзҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суруди миллӣ,  Парчами  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, таъсиси  Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон поягузорӣ шуда, минбаъд онҳо пуршукӯҳ ва ба дараҷаи баланди сиёсиву фарҳангӣ, чун иди умумихалқӣ таҷлил  шуда истодаанд.

Соли 2009 бо ташаббус ва ибтикори Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон «Соли бузургдошти Имоми Аъзам» эълон ва он бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта шуд. Бахусус, сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи Тоҷикистон баъди баргузор шудани Симпозиуми байналмилалӣ, 5 октябри соли 2009, дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир» ба куллӣ тағйир ёфт. Симпозиум бо иштироки бештар аз 500 нафар олимону донишмандони ислом ва чеҳраҳои шинохтаи илму фарҳанги ҷаҳонӣ аз 50 мамолики дунё ба вуқӯъ пайваст ва  Тоҷикистонро чун давлате муаррифӣ кард, ки ба фарҳангу адабиёт ва маънавиёт эътибори ҷиддӣ медиҳад.

Яке аз нишондиҳандаҳои асосии сиёсати хирадмандонаву фарҳандӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ ҷашн гирифта шудани «Соли тамаддуни ориёӣ» ва аз тарафи ЮНЕСКО эътироф шудани 2700-солагии Авасто мебошад. Таҷлили бошукӯҳи солгарди тамаддуни ориёӣ ва китоби муқаддаси «Авасто» ва дар ин замина, таҳқиқ шудани он аз тарафи олимону донишмандони Академияи улуми Тоҷикистон чун мероси хаттии умумибашарӣ шаҳодати тамаддуни бостониасоси тоҷикон мебошад. Дарки амиқ дар пешрафти ҷамъияти инсонӣ, бевосита ба пайванди аслҳову наслҳо,  бархурдорӣ аз беҳтарин дастовардҳои диниву дунявӣ ва илмиву таҷрибавии ниёгон вобастагии ногусастанӣ доштани фарҳанг нуктасанҷии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро собит менамоянд.

Fановати илмиву ахлоқии Қуръони карим ба аҳли фарҳанги Шарқу Fарб маълуму равшан аст. Рӯ наовардан ба ин маъхази пурганҷ маънавиёти инсониятро коҳиш медиҳад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки бо ташаббуси Сарвари илмдӯсту донишпарвари мо Қуръони маҷид бо теъдоди зиёд бо шарҳу тафсираш ба забони тоҷикӣ тарҷума ва бо ҳуруфоти кириллӣ нашр шуда, дастраси хонандагони тоҷик гардонида шуд. Ин иқдом, албатта, дар ташаккули маданияти маънавии мардум такони бузург гардид.

Дар даврони истиқлолияти давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили «Наврӯз», «Меҳргон», «Сада», «Шашмақом», «Фалак»,  атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд.  Хусусан, солҳои охир таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба ҳифзи забони давлатӣ, суннату арзишҳо ва либоси миллӣ зиёд шудааст.

Бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат қисме аз мероси ниёгон, аз ҷумла «Шашмақом» ва «Наврӯз» ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ва шаҳри қадимаи Саразм, Парки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ташкилоти зикршуда ворид гардиданд ва чуноне Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон зикр карданд, «… соли оянда мусиқии Фалак, ёдгории таърихии Ҳулбук ва ҷашнҳои Меҳргону Сада ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод карда мешаванд… »

Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад.

Бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тасмим гирифт, ки соли 2020 ҷашни яке аз ёдгориҳои бостонии мамлакат — шаҳри қадимаи Саразмро доир намояд. Алҳол дар шаҳри Панҷакент дар ин ҷода тадбирҳои зиёд амалӣ шуда истодаанд. Дар шаҳри бостонӣ ба муносибати  ҷашнвораи Саразм якчанд иншоот бунёд мешаванд, ки ба беҳдошти зиндагии мардум ва эҳёи таърихи ниёгон нигаронида шудаанд.  Дарвозаи рамзии  «Саразм» ва Осорхонаи шаҳраки қадимӣ қомат меафрозанд. Ин ҷашн  имкон медиҳад, ки мо маданияти беш аз 5500-солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшудаамонро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ созем.

Дар ин бобат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид таъкид кардаанд: «Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем. Ин қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад».

Бо ташаббус ва ибтикори Пешвои муаззами миллат ва Сарвари фарҳангпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар доираи  моддаҳои дахлдори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида, амал мекунанд. Пеш аз ҳама, бояд гуфт, ки ин санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ соф миллианд ва аввалин маротиба ин таҷриба дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба вуқӯъ пайвастааст. Баъдан, манфиати ин қонунҳо, ки ниҳоят хирадмандонаву аз ҷиҳати иҷтимоию иқтисодӣ дурбинона матраҳ шудаанд, на танҳо дар сарфи беҳудаи пасандози оила ва маблағҳои шахсӣ зоҳир мегардад, балки барои дар як сатҳ гузаронида шудани тӯю маросим дар ҳар вилояту ноҳияҳо, шаҳр, ҷамоат ва деҳот баҳри ягонагӣ, мустаҳкам шудани дӯстиву рафоқат ва таъмини ваҳдати умумимиллӣ таъсири мусбат мерасонанд.

Бисту ҳашт соли баъди ба Истиқлолияти давлатӣ соҳиб шудани мамлакат собит намуд, ки Тоҷикистон таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи фарҳанг, ҳамчун таҷассуми симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, ойину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи одобу ахлоқи ҳамида эътибори доимӣ медиҳад. Метавон гуфт, ки дар давлати мо соҳаи фарҳанги миллӣ муттасил рушд менамояд ва дар  ин бобат саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳудуд ва назаррас  аст.

АМИТ «Ховар»

Tags: