Шаби 06-уми ноябри соли 2019, соати 03:23 дақиқа, гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз 20 нафар шахсони номаълуми ниқобдор, бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» ҳуҷум карданд.
Зимни ҳамла онҳо 5 яроқи оташфишон (АКМ)-ро тасарруф намуданд. Дар натиҷаи амалиёти ниҳодҳои қудратӣ 15 нафар аъзои гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткор, ки дар иҳота қарор доштанд, безарар гардонида шуда ва 5 нафари онҳо боздошт гардиданд. Дар ин муноқиша 1 сарбози Қӯшунҳои сарҳадӣ ва 1 корманди Вазорати корҳои дохилии ҶТ ҳалок шуданд.
Айни замон дар ҷойи ҳодиса, гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ таъсис дода шуда, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ
АМИТ «Ховар»