Дар доираи баргузории Фестивали байналмилалии «Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода маросими ба имзорасонии Созишномаи ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии «Маркази миллии санъати мақоми Ӯзбекистон» ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат хабар доданд.
Дар маросими имзои созишнома ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Хайридин Усмонзода, директори генералии Муассисаи давлатии «Маркази миллии санъати мақоми Ӯзбекистон» Соибҷон Бегматов, профессори кафедраи таърихи мусиқӣ ва нақди Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон Тӯхтасин Ғафурбеков, ноибони ректор ва деканҳои факултаҳои донишкада ҳузур доштанд.
Қабл аз имзои Созишнома ректори донишкада, профессор Хайридин Усмонзода атрофи робитаҳои густурдаи фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар солҳои охир иброз дошт, ки муносибатҳои дӯстонаи ҳарду давлат маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи сарони давлатҳо — Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев рӯз ба рӯз рушд ва тавсеа меёбанд.
Бояд зикр намуд, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 марти соли 2018 сурат гирифт, дар муносибатҳои байни давлатҳо саҳифаи тозае боз намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пазироии самимии меҳмони олиқадр дар Қасри Миллат зикр намуданд, ки «мардумони моро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҷонибҳо муттаҳид месозанд. Ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Тасмимоти имрӯзаи мо бар заминаи музокироти суратгиранда аз бисёр ҷиҳат хислати таърихӣ дошта, таконбахш мебошанд. Онҳо барои марҳала ба марҳала боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав асосу заминаи боэътимод фароҳам меоваранд».
Хайридин Усмонзода аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки дар тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон олимону мутахассисони Ҷумҳурии Ӯзбекистон саҳми назаррас доранд.
Имзои созишнома имкон медиҳад, ки робитаҳои илмии донишкада бо Муассисаи давлатии «Маркази миллии санъати мақоми Ӯзбекистон» густариш ёфта, табодули таҷрибаи донишҷӯёну устодон васеъ ба роҳ монда шавад. Китобҳои дарсии олимони ӯзбек ба забони тоҷикӣ ва олимони тоҷик ба забони ӯзбекӣ тарҷума ва ба табъ расанд.
Директори генералии Муассисаи давлатии «Маркази миллии санъати мақоми Ӯзбекистон» Соибҷон Бегматов зикр намуд, ки «Шашмақом- ин мерос ва сарвати умумии халқҳои тоҷику ӯзбек мебошад. Мо дар якҷоягӣ бояд онро рушд диҳем».
Имзои Созишномаи ҳамкорӣ қадами нахустин буда, оянда дар ин самт ба манфиати мардумони ҳарду давлат қадамҳои устувор гузошта мешаванд.
Профессори кафедраи таърихи мусиқӣ ва нақди Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон Тӯхтасин Ғафурбеков доир ба мақому манзалати мақом ибрози назар намуда, баён намуд, ки «мақом худ фалсафа аст, онро бояд амиқ дарк намуда, такмил бахшид».
Баъди ба имзо расидани Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг ва санъат, илм ва маориф» зикр шуд, ки ҳадафи асосии созишнома таъмини мубодилаи иттилоот дар соҳаи санъати мусиқӣ, мусиқишиносӣ ва таҳсилоти мусиқӣ, гузарондани таҳқиқоти илмии муштарак дар самти масоили мусиқӣ ва омӯзгорӣ («устод-шогирд») ва нашри натоиҷи таҳқиқот ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ, ифтитоҳи филиалҳои марказ дар ҳарду муассиса барои ҳамкории муштараки самаранок ҷиҳати рушди санъати мусиқии миллии классикии Шашмақом мебошад.
Тибқи санади мазкур ташкил ва роҳандозии чорабиниҳои муштараки эҷодӣ, сафарҳои ҳунарӣ, фестивалҳои байналмилалӣ, форуму симпозиумҳо, озмуну консертҳо, гузарондани дарсҳои маҳорат (мастер-класҳо), семинарҳои илмӣ-амалӣ ва шабҳои эҷодӣ бо иштироки мусиқинавозони маъруф, гузаронидани табодули таҷриба байни устодони санъат ва бастакорон, баланд бардоштани дараҷаи тахассусии мутахассисони боистеъдод ва ояндадор дар самти эҷодӣ- илмӣ ба роҳ монда мешаванд.
АМИТ «Ховар»