Намояндаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 7-уми ЭКСПО «Чин — Авруосиё» иштирок намуд

ТВТ.20.09.2022. 19 сентябр муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи 7-уми ЭКСПО «Чин — Авруосиё», ки дар шакли видеоконфронс бо иштироки якчанд кишварҳои ҷаҳон, намояндагони дипломатии мамлакатҳои хориҷӣ ва ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ баргузор гардид, иштирок кард.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар вазорати мазкур хабар доданд, ин намоишгоҳ ба дарёфти имконияти ҳавасмандгардонии ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба, зиёд намудани гардиши савдои хориҷӣ, ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои муштарак ва дигар самтҳо равона шудааст.

Дар маросим намояндагони Тоҷикистон, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Узбекистон ва ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ сухан гуфтанд.

Дар анҷоми намоишгоҳ намояндагони кишварҳои ширкаткунанда дастовардҳои хуби минтақаро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод зикр намуда, омодагии худро барои боз ҳам афзун намудани онҳо изҳор доштанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: