Аз 31 октябр то 7 ноябр дар Ӯзбекистон дуюмин Фестивали байналмилалии сайёҳии «Naqshbandi Tourism Festival 2019» баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» ба истинод ба маркази матбуоти Кумитаи давлатии туризми Ӯзбекистон иттилоъ медиҳад. Интизор меравад, ки дар Фестивал беш аз 250 нафар пайравони тариқати тасаввуфи нақшбандия аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон, назири Малайзия, Индонезия, Туркия, Британияи Кабир, Зеландияи Нав, Чин, Ҳиндустон, Австралия, Амрико, Африқои Ҷанубӣ ва дигар давлатҳои ҷаҳон иштирок намоянд.
Иштирокдорони Фестивал аз зиёратгоҳҳо, маконҳои муқадддас ва муҷтамаъҳои таърихию бостонии Ӯзбекистон боздид менамоянд.
Маркази ҷаҳонии тасаввуф /«World Sufi Center»/ (Малайзия), Кумитаи давлатии туризми Ӯзбекистон ва ширкати сайёҳии «Hilal Travel» аз созмондиҳандагони Фестивали нақшбандия мебошанд.
Тариқати нақшбандия – бародарони суфӣ- ин равия охири асри 14 аз номи асосгузори он Баҳоуддини Нақшбанд (1318-1389), ки зодаи шаҳри Бухоро ва шахсияти барҷастаи мазҳабӣ буд, гирифта шудааст. Имрӯз дар саросари ҷаҳон зиёда аз 40 миллион нафар пайравони таълимоти тасаввуфии нақшбандия вуҷуд доранд. Дар замони худ шоирони барҷастаи адабиёти классикии мардумони тоҷику ӯзбек — Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ аз пайравони тариқати нақшбандия буданд.
АМИТ «Ховар»